Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Холмамат», ки соли 2019 ташкил гардидааст, фарогири 4,3 гектар замини корами обӣ мебошад. Вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ хоҷагидорон дар кишти асосӣ 2,3 гектар помидор шинонида, аллакай аз як гектари он ҳосилро ҷамъоварӣ мекунанд. Аз рӯйи маълумоти саҳмдорон, дар ҳар чинак то як тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.
Дар қатори ниҳоли помидор, ҷуворимакка барои дон шинонида шудааст, ки он дар баробари ҳосилбандӣ, ҳамчунин бо таъмини соя дар серҳосилии помидор замина мегузорад.
Ниҳоли помидорро дар ин майдон моҳи март шинонидаанд ва аз ҳосилбандии он кишоварзон қаноатманд мебошанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ду хати нави технологияи истеҳсолиро дар ҶСП «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши зардолу ва асал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд