13 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, суръати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, кишти такрорӣ, андешидани чораҳои санитарӣ — гигиенӣ доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни кори маҷлис ҳисоботи шахсони масъул муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода , вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ғунучини ҳосил, рафти татбиқи супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба афзоиш додани майдони кишти картошка, таъмини бозори дохилӣ, содироти меваҷот ва сабзавот ба хориҷи мамлакат, омодагӣ ба кишти такрорӣ, тадбирҳои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, тайёрии ташкилоту муассисаҳо ба давраи зимистони солҳои 2020-2021, иҷрои нақшаи корҳои созандагӣ, вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодасозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави хониш, шунида шуд.