Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Ҷамъомади ботантана бо ба саҳна баровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Намояндани Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази “Тоҷикстандарт” Муҳаммадӣ Давлатов табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури гулистониён кард.
Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода сокинони шаҳрро бо рӯзи фархундаи Парчами давлатӣ муборакбод намуд. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.






Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода директори молиявии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Ҷанг Ҷен Лиро ба ҳузур пазируфт. Аснои суҳбат ҷиҳати густариши робитаҳо қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ гардид.
ФАРМОНИ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода собиқадори меҳнат Саодат Пўлотова ва собиқадори сохти конститутсионӣ Рамзия Давлатбаеваро аёдат карда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуданд.
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода машварати кори ноябрмоҳ бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳр, роҳбарони зерсохторҳо ва дигар масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гардид.














