Барои шахси ба қавли мардум худобехабару ноинсофу ноодам дар ҳаёт ягон чизи муқаддасу мукаррам нест, яъне ӯ чашмкӯру аз равшанӣ метарсад. Ба ҳамагон маълум ва равшан аст, ки гурӯҳи ифротгарои наҳзатӣ баъди фирорӣ шуданаш, албатта, бо кирдору ноодамӣ ва амалҳои ношоиставу номатлубаш, ба кору фаъолияти тӯҳмату таҳқир ба марзу буми аҷдодиаш, ба зодгоҳу миллаташ пайваст. Дилаш, ки нопоку аз ғаразу бухсу кина пур аст, роҳи сарбастаи ифротгароиро пеш гирифт. Аз сомонаву сайтҳои туҳмату буҳтонбоф ва интернет ба таҳқири шахсиятҳои шинохтаву муътабари Тоҷикистон-шарму ҳаё накарда, машғул мешаванд, ки лаънат ба онҳои ифротӣ мегӯем. Масалан, аз ҷумлаи чунин сайтҳои наҳзатӣ «vostocnews.org» мебошад, ки бо номи тақаллубии Сиддиқи Акбар, ҳар дурӯғ ва тӯҳмату таҳқиру буҳтонро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон мунташир карда, хонандагони эҳтимолии худро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳад. Ин дар он ҳолест, ки худи наҳзатии ифротӣ, иғвогару ноқисулақл зери ниқоби Сиддиқи Акбар паноҳ бурда, ки худ як ҷоҳилу нодону кундапих аст.
Ӯ азбаски нодон, кӯтоҳақлу ҳарзагӯю ҳарзагард мебошад, ҳатто намедонад, ки кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо чӣ шартҳое ба Тоҷикистон қарз медиҳанд. Ба фикр кардан қуввату иродааш намерасад, ки албатта, ноқисулақл аст- маблағҳои лоиҳаҳои қарзӣ ҳама мақсаднок дар доираи чаҳорчӯбаи қонуну қонуният пурра ба иҷрои лоиҳаҳо масраф мешаванд. Ӯ гумон мекунад ва фикр меронад, ки маблағ ҳама ба ҷайби масъулони давлатӣ мерасад. Ин аз нодониву бехабарии ин ифротии кундзеҳну ақлкӯтоҳ шаҳодат медиҳад.






2 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” - Гулистон ба маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣтаваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи васеи фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Имрӯз дар доираи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷоя бо ҳайати корӣ Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо вазъи имрӯзаи ободонии маркази шаҳр, шаҳраки Сирдарё ва якчанд иншооти ҷашнии нотамом шинос гардид.














