Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани тадбирҳои иловагӣ барои омодагии сокинон ва тамоми соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ярмаркаҳо доир карда мешаванд.
Дар ин радиф бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзию ниёзи мардум дар шаҳри Гулистон ташкил гардид. Бо раванди ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази шаҳр Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз наздик шинос гардида, доир ба танзими нарх ва ҷараёни баргузории он ба масъулин дастурҳо дод.






Тибқи нақшаи чорабиниҳо Ситоди шаҳрӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Гулистон доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ гурӯҳи тарғиботӣ фаъолияти худро густариш медиҳад.
11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.














