Матни равон

30 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо оид ба ҳодисаҳои ахири низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аҳаммияти хассаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида   равона шуданд, таъкид гардид.

Дар ин зимн президентҳо муҳиммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таври фаврӣ рӯзи 1-уми май ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳоро оид ба  делимитсия ва демаркатсия дар шаҳри Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон доир намоянд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва  Қирғизистон дар асоси дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл карда шаванд.

Роҳбари давлати мо аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб даъват ба амал оварданд.

Даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуд.

Муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои суҳбат ҷонибҳо бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас тибқи тамоми ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутаносибан судманд  ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1225
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1225
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:85010
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7726930

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?