Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” санги асос гузошта, бо лоиҳаи сохтмони он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат гармхонаи мазкур дар масоҳати 3 гектар замин бунёд гардида, тибқи лоиҳа, дар он парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар гармхонаи нав парвариши помидору бодиринг ба роҳ монда мешавад ва тибқи баҳогузории олимон, ҳар сол аз он то 6 тонна бодиринг ва 6 тонна помидор ҷамъоварӣ мегардад.
Маҳсулоти он дар баробари қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ, ҳамчунин ба содирот нигаронида мешавад, ки ин иқдом иқтидори содиротии мамлакатро боло бардошта, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.