Ҳамшаҳриёни азиз!
Мо дар остонаи соли нави мелодии 2021, соли таърихӣ ва соли ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамагонро табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳри Гулистон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.
Соли 2020 барои мо соли хотирмон ва тақдирсозу таърихӣ буд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ баргузор гардиданд. Ин ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони мо доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати миллии тоҷикон ва ба тақвияти нуфузу обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азиз мусоидат карданд.






Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.













