25 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро доир ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ, шуниданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор кардани иншооти аз офат зарардида, суръати корҳоро тезонанд.
Зимни суҳбати телефонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба раиси вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъоварӣ ва захираи кофии хошоки дурушти чорво, ҷамъоварии беталафи ғалладонагиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, супоришҳо доданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел намуданд
- Изҳорот барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Тоҷикистон
- Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев






Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гурӯҳи таблиғотӣ аз вазорату идораҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳои ҷумҳуриявӣ, воситаҳои ахбори омма ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои судманд доир менамоянд.
Ҷавонони гиромӣ!
21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Дар доираи бозиҳои чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар байни дастаҳои лигаи дуюм дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон дастаи “Гулистон”-и шаҳр ва дастаи “Саразм”-и шаҳри Панҷакент вохӯрд. Бозӣ хеле пуршиддат ва шавқангез ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи гулистониён анҷом пазируфт. Голҳоро дар қисми якуми бозӣ Ҷӯрабой Исоев ва дар қисми дуюм Анвархони Темурхон заданд. Аз оғози чемпионат то ба имрӯз дастаи “Гулистон” се бозии расмӣ гузаронидааст, ки онҳо бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расидаанд:













