7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дарахт шинониданд.
Ёдовар мешавем, ки ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим 10 июли соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз бахшида буданд.
Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ аст.
Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ниҳоли дарахтони сӯзанбарги кабуд шинониданд, ки аз Италия ворид гардидааст.






Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақша мулоқоти вакилони Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Мулоқотро мувоини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода ифтитоҳ бахшида, ҳадафҷи онро ба ҳозирин шарҳ дод.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо иштироки аъзои кумита, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқ аз ҲХДТ, аъзои шӯрои собиқадорон, аъзои шӯрои занон ва ҷавонон, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб баргузор гардид.













