Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз минтақаи саноатии шаҳри Гулистон боздид ба амал овард. Дар ибтидо аз КВ “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” дидан карда, зимни суҳбат қайд намуд, ки соҳаи геология яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа буда, маҳаки асосии рушди саноату иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ геологияти тоҷик ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Замони соҳибистиқлолӣ, дар партави супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳа фаъолият намуда, баҳри кашфиётҳои нав ба нави ганҷҳои нуҳуфтаи кишвар ва муайян намудани сифат ва захираи канданиҳои фоиданоки гуногун амал мекунанд.
Ҳамчунин аз фаъолияти истеҳсолии ҶДММ “Гранит-1” дидан намуд. Қайд гардид, ки дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 ҶДММ “Гранит-1” мунтазам истеҳсолотро ба роҳ монда, дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,7 фоиз, шумораи коргарон 6 нафар аз соли қаблӣ як нафар зиёдро ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур асосан маҳсулотҳои ширеш, грунтовка, гаҷ ва эмулсия истеҳсол менамояд.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои низомӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:














