29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба ҳамкории байни кишварҳоямон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва пайванди муҳими талошҳои муштараки мо барои расидан ба ҳадафҳо фаъолияти пурсамари котибони Шӯроҳои Амният мебошад.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро дар доираи Созмон, ки ҷониби Тоҷикистон соли равон раёсати онро ба ӯҳда дорад, ишора карданд. Дар ин зимн, ҳамчунин, вазъияти имрӯзаи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дошт.






Дар пайравӣ аз иқдомҳои халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои рамазонӣ ба оилаҳои камбизоате, ки 135 нафарро дар ҷамоати шаҳраки Сирдаёи шаҳри Гулистон ташкил медиҳанд, кумаки яквақтаина расонида шуд.
Санаи 27 апрели соли 2021 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Гулистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба баргузории вохӯриву мулоқоти ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои “Истиқлолу Ваҳдат поянда бод” ва “Экстремизму терроризмро маҳкум мекунем” вохӯрии судманд баргузор гардид.
Имрӯз Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳраки Сирдарё боздид ба амал овард.














