5 феврал дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи 40-уми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар бунёди боғи интенсивӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дорои 2700 гектар замини обӣ, 900 гектар майдони боғ ва 31 ҳазор гектар заминҳои лалмию чарогоҳ мебошад. Аз масоҳати 900 гектар майдони боғот 710 гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.
Бо дарназардошти он, ки майдони боғҳои кӯҳнашуда аз ҷиҳати иқтисодӣ самараи дилхоҳ ба бор намеоваранд, масъулин тасмим гирифтанд дар масоҳати 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд. Тибқи нақша, дар боғи бунёдшаванда ниҳоли дарахтони гелос дар масоҳати чор гектар, бодом дар як гектар ва зардолу дар масоҳати ду гектар, ки ба иқлими маҳал мутобиқ буда, ҳосили хуб медиҳанд, шинонида шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- В Таджикистане зарегистрировано 28 месторождений нефти и газа
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи ҶДММ «ММК Агро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз КВД «Дӯзандагӣ» ва «Пойафзолбарорӣ»-и Агентии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғд дидан намуданд