Матни равон

13 апрели соли 2021

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.

Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад.

Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накӯкорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд.

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 то 11 апрели соли 2021 зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти як қатор иншооти маъмурӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, кору хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, ки ба ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидаанд, ифтитоҳ бахшида, бо сокинону фаъолон мулоқоту суҳбатҳои самимию созанда анҷом доданд.

10 апрел дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 2 моҳи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Исфараро натиҷагирӣ карда, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд вобаста ба ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Улёҳазрат,

Хабари даргузашти ҳамсари арҷманди Шумо — Волоҳазрат, Шоҳзода Филипп, гертсоги Эдинбург боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон бо ибрози тасаллӣ ва таъзияи самимии худ ба Шумо, Улёҳазрат, ҳамаи наздикону пайвандонатон, инчунин ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сабри ҷамил хоҳонам».

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази муосири хизматрасониро ифтитоҳ карда, дар базмгоҳи наврӯзии сокинони маҳаллаи Мевағул иштирок карданд.

Сарвари давлатро сокинони шукргузори шаҳри Хуҷанд бо барномаи пурмуҳтавои идонаи наврӯзӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Саҳни ҳавлии маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд барои пазироии Пешвои муаззами миллат фазои идона дошт. Мурдум барои хотирнишин гузаштани тадбирҳои фарҳангӣ дастархони пурнози наврӯзӣ ороста, дар як гӯша таомҳои миллӣ омода карданд. Бахши дигари чорабинии наврӯзӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии дастовези ҳунармандони чирадаст ва бозиҳои варзишӣ иборат буд.

Маркази нави хизматрасонӣ аз тарафи сокини ватандӯст Камолҷон Юсупов дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, аз чойхонаи миллӣ, нонбойхона, сартарошхона, дорухона, коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунарҳои миллӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2334
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2403
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10571
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16152
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14340
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9065591

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?