Матни равон

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!

Иди касбии кормандони тиб бо рӯзи мавлуди аллома Абуалӣ ибни Сино дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили иди касбиро ба кулли кормандони соҳаи тибби шаҳр табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд таманно дорам.

Табибони шаҳр имрӯз иди касбии хешро бо комёбиҳои меҳнатӣ ва бо рӯҳбаландӣ истиқбол мегиранд. Онҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд.

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дорад. Хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли асрҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.

Дар ин замина, соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Рушд ва такомули соҳаи тиб, қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз ғамхории ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, шахсан аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳидояти фардосози Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин соҳаи муҳим шароит ва вазъият рӯз аз рӯз беҳтар гардад. Дар ин раванд  диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ, таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди ин дода мешавад. Ҳамасола барои таъмиру тармим, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизот маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Зикр бояд кард, ки санаи 11-уми марти соли 2020 аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз сабаби ба бисёр давлатҳои ҷаҳон паҳн гардидани вируси сироятии коронавирус (Ковид-19) дар олам ҳолати пандемия эълон гардид. Беш аз як сол аст, ки ҷаҳониён бар зидди ин вирус мубориза бурда истодаанд. Дар шаҳри мо низ Ситод ташкил гардида, барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавирус корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. Муассисаҳои тандурустии шаҳр бо маводҳои зиддивирусӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин, барои пешгирии бемории сироятии ковид-19 ваксинагузаронии сокинон оғоз гардида мунтазам ҷараён дорад ва вояҳои зарурии ваксина бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастарас гардидаанд.

Дар ин радиф нақши кормандони соҳаи тиб назаррас аст, зеро табибон, ҳамширагони шафқат шабонарӯзӣ барои раҳоӣ ёфтани шахсони ба ин беморӣ мубталошуда мубориза бурда истодаанд. Ба кормандони соҳаи тиб, ки дар мубориза бо бемории сироятии коронавирус қарор доранд, мардум хизмати садоқатмандонаи онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, изҳори сипос менамоям.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ барои амалигардонии барномаву нақшаҳои қабулшуда, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мардум, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва маблағгузории мақсадноки соҳа ва дар ин замина таъмин намудани зиндагии шоистаи сокинон тадбирҳои мушаххас амалӣ хоҳад кард. Тибқи дастуру раҳнамоиҳои Сарвари муаззами кишвар пайваста барои баланд бардоштани нақшу мақоми табибон ва беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа ҷавобан ба ғамхориҳои пайваста дастовардҳои худро боз ҳам афзун намуда, баҳри саломатии инсон ва ояндаи нек меҳнати шоиста менамоянд.

Дар интиҳо бори дигар бо самимият тамоми кормандони соҳаи тибби шаҳри Гулистонро ба муносибати иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон тандурустӣ, бахту иқболи нек ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Ҳамеша сарбаланд ва саодатманд бошед!

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1694
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2001
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12868
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41427
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7773817

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?