Матни равон

Имрӯз, 28.10.2022 дар толори маъмурии Идораи шабакаҳои бари вилоят воқеъ дар шаҳри Гулистон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, такид дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ аз 24-уми октяб то 29 октябри соли равон ба нақша гирифта шуда, вохӯрии имрӯзаи мо дар ин замина баргузор гардида истодааст.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки шаҳри Гулистон ҳамчун маркази саноатӣ ва сайёҳӣ, мардуми касбу кори гуногун аз ҷумла қолинбофону моҳидорон, геологҳову нақбканон, металлургҳову сохтмончиён ва барқчиёнро дар канори худ муттаҳид намудааст. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 37 корхонаи саноатӣ, беш аз 250 муассиса, ташкилот, корхонахои хурд ва ширкату муассисаҳои сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Риши Сунак барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ табрик намоям.

Тайи сӣ соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро ба роҳ монда, имрӯзҳо пайгирона пеш мебаранд.

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Хоҷамурод Гелдимуродов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел иштирок карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон — Қосим-Жомарт Токаев барои ташкили чорабинӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуданд.

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Макразӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳо ва татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ, ки барои густариши ҳамкории ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо асоси устувор гузоштааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии «Нурсултон Назарбоев» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:7
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2748
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5020
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:102041
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9661723

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?