
8 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи кунунии ҳамкории ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои идома ва густариши минбаъдаи робитаҳои судманд бо Созмон ва ниҳодҳои он иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки имсол ба узвияти Тоҷикистон дар СММ 30 сол пур шуд ва кишвари мо дар ин муддат дар роҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи Конференсияи 27-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок карданд
- Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср
- ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия






Имрӯз, 08.11.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯроии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Анҷумани саодати миллат” баргузор гардид.
Муҳтарам ҷаноби Раис,
7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар маросими ифтитоҳи Павилиони оби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.














