
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 35 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи муосир анҷом ёфтанд.







1 ноябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.















