Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Гармхонаи замонавии инноватсионӣ аз рӯйи стандарти “Евро 6”, ки ҳоло муосиртарин насли гармхонаҳо ба ҳисоб меравад, бунёд гардида, дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд парвариш карда мешавад.
Гармхона дар масоҳати 5 гектар замин бунёд гардида, айни замон дар он навъҳои гуногуни помидор нашъунамои хуб дорад. Парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхона бо усули гидропоникӣ ва органикӣ роҳандозӣ шуда, барои гирифтани ҳосили хуб 13 навъи маводи ғизоӣ тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад. Дар қисмати гидропоникӣ, ки 2,3 гектари гармхонаро ташкил медиҳад, нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ, бо истифода аз технологияи насли нав амалӣ гашта, муътадилии ҳарорати дохил тариқи системаи буғӣ дар ҳамаи мавсими сол таъмин мегардад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда ва чорвои ҶДММ «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон обанбори шабакаи оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд






13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ»-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарвариро, ки аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Нурматов бунёд карда шудааст, ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти паранда дидан карданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон”-ро ифтитоҳ намуданд.













