Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30.10.2022 дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, даромадгоҳи шаҳр ва шафати роҳҳои протоколӣ ниҳолҳои навъи серени ҳиндӣ, липа, магнолӣ ва дигар навъҳои дарахтони ороишии қиматбаҳо бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода шинонида шуд.
Таъкид гардид, ки бо фаро расидани фасли тирамоҳ мавсими нави ниҳолшинонӣ дар кишвар фаро расид.
Аз ин рӯ лозим аст, ки аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонем.
Мақолаҳои боқимонда...
- Вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо интихобкунандагон
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Риши Сунак барқияи табрикӣ ирсол намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок карданд






Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода намудани он ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр корҳои тозакунӣ, баровардани партовҳо, шинонидани гулҳои ороишӣ, сафолакпӯш намудани шафати роҳҳо, чароғонкунии хонаҳои истиқоматӣ ва дигар корҳои созандагӣ бо маром ҷараён дорад.
Имрӯз, 29 октябри соли 2022 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, ки яке аз ҷамоати шаҳраки дурдаст ба ҳисоб меравад бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.
Дар толори МД «Экспедитсияи коплекси геологии Қайроққум” дар шаҳри Гулистон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон доир гардид.














