
2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат — 2022-2026” бунёд карда шуда, дар он беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордор кислотаи сулфати 98,5 фоиза, хокаи бентонит ва сулфати аммоний истифода мегардад ва оянда дар нақша ҳаст аст, ки калий ҳамроҳ карда шуда, маҳсулоти азот, фосфор ва калий (NPK) истеҳсол гардад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ ҶТ-ро ба истифода супориданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ Боғи марказии фарҳангию фароғатиро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии «Оишаи Шаҳритус»-ро ифтитоҳ карданд







2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман”-ро мавриди истифода қарор доданд.
















