Имрӯз, 29.05.2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ доир ба масъалаи таъмини нақшаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр вазифагузорӣ карда шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати таҳияи нақшаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисоди ҷамоати шаҳракҳо дастур дода шуд.






Имрӯз, 28.05.2023 ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар қисми ҳарбии 0216-и РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи сарҳадбонон таҷлил карда шуд.
Санаи 26.05.2023 оид ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, бартараф намудани хушунат дар оила ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон мизи мудаввар ва семинар-тренинг дар маркази таълими калонсолон баргузор гардид.
Имрӯз 27.05.2023 дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр баргузор гардид.
Имрӯз, 27 майи соли 2023 бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва сокинон, машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим, руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад" доир гардид.














