Матни равон

Имрӯз, 02.08.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 07-уми июли соли 2023 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2023 баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

 

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 30 воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳо ва рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат доштанд.

Дар оғоз Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2023 суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳ ба маблағи 2 миллиарду 363,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 94,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 151,0 миллион сомонӣ кам мебошад.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 19,6 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 89 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Дар давоми шаш моҳи соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 146,7 миллион сомонӣ (107,7%) маблағ ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 35,0 миллион сомонӣ буда, 3538,5 миллион сомонӣ (109,8%) ба иҷро расонида шуд. Нақшаи андози иҷтимоӣ бо 29,3 миллион сомонӣ (106,0%) иҷро гашт.

Дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти шаҳр 249,4 миллион сомонӣ сармоягузорӣ, аз ҷумла 91,2 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 158,2 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шуданд.

Дар маҷмӯъ 64,6 км роҳҳо таъмир карда шуданд, ки 126,6 фоизи иҷрои нақша мебошад.

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 11 медал ва олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 15 медал гардиданд.

Дар осоишгоҳҳо дар давраи ҳисоботӣ 642 меҳмони хориҷӣ ва 7490 истироҳаткунандагони дохилӣ, дар маҷмуъ 8132 нафар истироҳат намуданд.

Дар шаҳр 97 ҷиноят ҷиноят ба қайд гирифта шуд. 98,0%-и ҷиноятҳо ошкор гардид.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 59,8 фоизи иҷрои нақша мебошад.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба таъмини сокинон бо ҷойи корӣ, норасоии мутахассисон, вазъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳо, сатҳи ҷинояткорӣ, ҷудошавии оилаҳо, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон, вазъи соҳаи сайёҳӣ, корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2704
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19939
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:85951
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7974299

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?