Матни равон

Санаи 14.06.2023 роҳбари гурӯҳӣ корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода  ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни корҳои ободкориву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон боздид намуданд.

Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Гулдара дидан карда шуд. Дар муассисаи таълимии мазкур корҳои таъмиру тармим ҷараён доранд.

Сипас, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Зарчашма дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки муассиса пурра ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз таъмир бароварда мешавад ва ҳамзамон иншооти гуногуни ёрирасон низ бунёд карда мешавад.

Санаи 14.06.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"  ва "Ваҳдат сарчашмаи сулҳу суботи кишвар" дар Ҷамоати шаҳраки Консой бо аҳли кормандон ва сокинон баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши бойгонӣ Абдуллоев Муродҷон ва раиси ҷамоати шаҳраки Консой Амир Муҳаббатов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Имрӯз, 13.06.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" бо аҳли кормандони беморхонаи марказии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва сардухтури беморхонаи марказӣ Иброҳимов Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикрк карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, бо андешидани тадбирҳои муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин захираҳо оқилонаву самаранок истифода мешавад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ, ки самти фаъолияташон ба истихроҷу коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нигаронида шудааст, ба рушди соҳаи саноат замина гузошт.

Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созанда дар доираи ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии кишвар дар корхонаи «Апрелевка» тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи самаранок аз иқтидорҳои истеҳсолӣ нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.​

Раиси вилоят фаъолияти самарабахши чунин корхонаҳои азими саноатиро​ ​ ​ дар рушди соҳа, ғанӣ гардидани буҷети маҳал ва таъмини сокинон бо кори доимӣ муҳим арзёбӣ кард. Корхонаи муштараки «Апрелевка» дуюмин корхонаи калонтарини шаҳри Гулистон ба ҳисоб рафта, дар 5 моҳи соли равон ба маблағи 81,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.

Имрӯз, 12.06.2023 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «7» июли соли 2022, №АП-227 ба тавсиб расида, дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 12.09.2022, №367 ва қарори Раиси шаҳр аз 05.12.2022, №260 ба тасвиб расидааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3359
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2748
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6107
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:105393
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9665075

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?