Имрӯз, 12.06.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, воҳидҳои сохторӣ, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ ду масъала – натиҷагирӣ аз рафти сафарбарнамоии даъвати баҳории даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти корҳои ободонӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро оғоз намуд. Комиссари ҳарбии шаҳр Сатторзода Хайрулло аз рафти иҷрои нақшаи ҳарбӣ маълумот дод. Зикр гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 марти соли 2023, №541 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тавсиб расида буд хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2023 ба эҳтиёт рухсат дода шуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Баргузории хониши сиёсӣ таҳти унвони "Пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа" бо кормандони бахши фарҳанги шаҳр
- Маросими савгандёдкунии наваскарон дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
- ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ






Таҳти ин унвон имрӯз, 10.06.2023 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.
Имрӯз, 08.06.2023 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.
Имрӯз, 08.06.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати баргузори вохӯриву мулоқотҳо байни корхонаву ташкилотҳо дар толори муассисаи кумаки аввалияи тиббии санитарии шаҳр хониши сиёсӣ доир ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа бо иштироки кормандони муассиса баргузор карда шуд.














