Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 бо иштироки кулли аъзои Ситод баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда зикр дошт, ки қарори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024" ба тасвиб расида, дар заминаи он қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба ин мақсад ба тасвиб расидааст.






Имрӯз, 02.06.2023 дар толори Кохи фарҳангии Итсиқлол”-и маркази шаҳр бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, қарори раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳр Фестивали шаҳрии атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо баргузор карда шуд.
Санаи 01.06.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори мактаби санъати шаҳр маҳфили илмию адабии “Адибони Ваҳдатсаро” таҳти унвони “Тоҷикистон – меҳвари сулҳу макони ваҳдат аст” ба ифтихори 26-умини солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Имрӯз 01.06.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода як қатор кӯдакони ятимро, ки бо амри тақдир аз волидайн маҳрум мондаанд аёдат кард.
Имрӯз, 1-уми июни соли 2023 ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тарабхонаи “Манижа”-и маркази шаҳр бо дастгирии соҳибкорзани маҳаллӣ барои 120 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дастархони идона ороста шуд.















