Санаи 12.07.2023 -и корвони “Модарони ваҳдатсаро” ба қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо сарбозуну афсарон вохӯрӣ доир намуда, аз вазъи буду бош ва хизмати сарбозон дидан намуданд.
Нахсут Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, ҳадафи ташрифи корвони “Модарони ваҳдатсаро” зикр намуд. таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10-15-уми июли соли 2023 бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо мақсади таҳкими пойдории бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ дар байни занону модарон ва наврасону ҷавонон чорабиниҳои таблиғотӣ таҳти унвони “Модарони Ваҳдатсаро” ҳайати корвон ба назди шумо – сарбозон ташриф овардаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд
- Баргузории ҳашари тозагиву ободонӣ дар шаҳри Гулистон