Матни равон

Имрӯз, 9 июли соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мувофиқи ҷадвали баргузории маҷлиси фаъолони вилоят  ва шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд  муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, маҷлиси фаъолони шаҳри Гулистон  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли 2024 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  таҳти  раёсати Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва бо иштироки роҳбари гурўҳи кории ҷумҳуриявӣ , директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Гулистон ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда,  қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.  Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию  иҷтимоии  шаҳри Гулистон таъмин шудааст.

Сипас, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода  оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар нимсолаи якуми соли 2024 гузориш дод.

Зикр гардид, ки дар давоми шаш моҳи соли 2024 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 124,0 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт.  Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 36,6 миллион сомонӣ буда, 36,7 миллион сомонӣ ё ин ки 100,1 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 43,5 ҳазор сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми  шаш моҳ дар ин давра ба маблағи 1 милиарду 667,3 милион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 70,4% фоиз мебошад.  Аз ин 94,4%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 5,6 фоизи он ба ҳизматрасонии пулакӣ ва ба шашктори хусусӣ мансуб аст.

Истеҳсоли   маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 89 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят  13,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ сохтмони 4 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчун, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумот дода шуд.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, пурсиш ба амал овард.

Дар фарҷом роҳбари гурўҳи кории ҷумҳуриявӣ , директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзодадоир баромад намуда, ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Сипас, Раиси шаҳр  Раъно Ҳошимзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳоеро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят санаи 10-уми апрел баён дошта буданд расонид ва ҳамчунин ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас, дар сатҳи баланд баргузор намудани даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1970
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2592
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15162
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19888
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64924
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7953272

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?