Санаи 19.03.2024, бо мақсади шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 9 марти соли 2024 баён гардид бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки Консой мулоқот доир гардид.
Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти арзишҳои милливу диниамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт силсилаи иқдомҳои судманд амалӣ гардида истодааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Working Groups of the Tajik and Kyrgyz Governmental Delegations Hold a Meeting
- Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
- Состоялась встреча сопредседателей правительственных делегаций Таджикистана и Кыргызстана по делимитации и демаркации государственной границы






Имрӯз, 18.03.2024 дар толори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад.















