Дар асоси фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз 02.04.2024, №30, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 05.04.2024, №102 Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона, Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулодда барои соли 2024 ва нишондодҳои ташкилӣ-методӣ санаи 23 апрели соли 2024 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Гулистон, ҷамоати шаҳраки Сирдарё «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии хонандагон ва омӯзгорон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Заминҷунбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Ҳамдамов Д., мудири шуъбаи маорифи шаҳр Каримӣ Дилрабо, директорону омӯзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, Колеҷи тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва донишҷӯёни Колеҷи тиббии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.






Дар асоси барқияи телефонии Раёсати КҲФ ва МГ-и вилояти Суғд аз 22 феврали соли 2024, №22 ва Нақшаи чорабиниҳои асоси бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фақулода барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 04 январи соли 2024, №3 тасдиқ гардидааст, машқи ғайринақшавӣ мудофиаи гражданӣ дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон 19 апрели соли 2024 дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҳангоми рух додани ҳолати фавқулоддаи сел» дар ҳамкорӣ бо ҷамоати шаҳраки Адрасмон ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ташкил ва гузуронида шуд.
Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Имрӯз, 18.04.2024 дар толори бахши фарҳанги шаҳр Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони “Илму маърифат сарчашмаи саодати инсон” дар партави эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ бо ҳузури кормандони соҳаҳои гуногун ва донишҷӯёну хонандагон баргузор карда шуд.
Санаи 17.04.2024 дар толори мактаби санъати шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода суханронӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 №АП-479, қарори Раиси вилоят аз 26.02.2026, №48 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 29.03.2024, №95 озмуни мазкур баргузор гардида истодааст.















