Санаи 06.03.2024 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки бонувони собиқадор ва фаъолзанон миззи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Мадина Каримова, сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва собиқадори хизмати давлатӣ Сановбар Нуриллоева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.






Имрӯз, 07.03.2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандзанони КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр"-ро табрику таҳният намуд.
Имрӯз, 07.03.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Субҳи имрӯз, 07.03.2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони Раёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳрро табрику таҳният намуд.













