Имрӯз, 25 июн дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) доир гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид.
Баъди садо додани Суруди миллӣ вакилон котиботи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз панҷ банд тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи аввал: Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, таҳти №694 «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015» муовини Раиси шаҳри Қайроққум Ғайратҷон Оқилов гузориши муфассал дод.






Дар толори Кохи Истиқлол дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шарафи санаи 26 июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯистеъмоли маводи нашъаовар барномаи консертикунонидашуда баргузор гардид.
Инак, ҳаҷдаҳ баҳори пурбаракат аст, ки мардуми тоҷик рӯзи ба вуқуъ пайвастани рӯйдоди бузурги таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷиконро ҳамчун иди умумихалқӣ ҷашн мегирад. Рӯзест, ки дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон рухдоди бузургеро ба вуҷуд овард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардуми тоҷик гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гузошт. Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода хуб гуфтаанд:














