Матни равон

Таъйиноти кадрӣБо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти судӣ чунин тағйироти кадрӣ амалӣ шуд:

Шоев Исроил Назаралиевич, ки раиси суди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд буд, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва Ёдгорзода Наргис Юсуфӣ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом озод ва раиси суди шаҳри Қайроққум таъйин гардиданд.

Прокурори калони шуъбаи назорати қонуни будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дуюм Фаррух Абдулло дар мавзӯи «Паём ва роҳҳои мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ», ки оид ба пешгирии густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифротгароии динӣ равона буд дар назди устодону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ баромад кард.

Мавсуф таъкид дошт, ки бояд ҳар як ҷавон рисолати ватандориро донад ва дар кору пайкори ободгарона саҳмгузор бошад. Чорабинӣ бо суолу ҷавоб анҷом пазируфт.

«Асрори хуфта» дар ҚайроққумФилм баландмазмун бошаду ба қалби тамошобин роҳ ёбад, қаҳрамонҳои он ҳам шинохта мешаванд.

Филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Гирдоб» ва монанди инҳо агар Саидҷон Қодириро чун коргардони соҳибкасб байни бинанда муаррифӣ карда бошад, пас Беҳрӯзҷони Саид ҳамчун ҳунарманди хушсалиқа ва боистедод махсусан бо иҷрои нақши Меҳрубон дар филми «Дар орзуи падар» зуд шуҳратёр гардид.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдаконҲамасола дар саросари дунё 1-уми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ба ин муносибат барномаи идона бо иштироки Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода барои 400 нафар кӯдакон доир гашт.

Дар ибтидо Раиси шаҳр кӯдаконро ба муносибати ҷашнашон табрик намуда, ба кӯдакон тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.

Кӯмак ба кӯдаконДар арафаи иди кӯдакон баҳри болида гардонидани хотири кӯдакони ятиму маъюб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 122 нафар кӯдакони маъюб ба миқдори 6100 сомонӣ ва ба 30 нафар кӯдакони ятими кулл  ба миқдори 1500 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ ва туҳфа-шириниҳо супорида шуд.

Чунин чорабиниҳо дар Ҷамоатҳои шаҳракҳо низ гузаронида шудаанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:447
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2903
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6382
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25139
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38685
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9850415

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?