Аёдати ашхоси ниёзманд, пирони барҷомонда, яккаву танҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи иду ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба муносибати 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар маркази шаҳр 15 нафар ва дар Ҷамоати шаҳракҳо зиёда аз 60 нафар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ аёдат карда шуданд.
Ба ҳар яки онон маводҳои озуқа, монанди қанд, гӯшт, равған, чой, макарон ва амсоли инҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дастрас намуда шуд.






Ба пешвози 70-солагии Иди Ғалаба байни дастаи синфҳои МТМУ-и №14 мусобиқаи футбол доир гардид. Дастаи «Ғалаба» бо бартарии зиёд нисбати ҳарифон мақоми аввалро ишғол намуд. Дастаҳои «Умед» ва «Истиқлол» соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм шуданд. Озар Саодатдинов, Хайём Бойназаров, Шоҳназар Азизов, Шерзод Азимов, Баҳодур Боймирзоев, Идрис Азизов, Мубин Аҳмадқулов, Ҳасан ва Ҳусейн Латифовҳо чун беҳтарин бозингарон муаррифӣ гардиданд.
Дар Кохи Истиқлол озмуни «Фарҳанги оиладории ҷавонон» аз рӯи панҷ шарт бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила тибқи нақшаи таҳиягардида ба «Соли оила» доир гардид.
Интишороти «Анис» ҷанде қабл маҷмӯаи тозаэҷоди сухангустари ӯзбекзабон Муҳаммадалӣ Гулбойро бо чунин унвон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ манзури ҳаводорони назм намуд. Маҷмӯаи мазкур чорумин китоби навбатии шоири ҷавон буда он армуғон ба хонандагони каломи бадеъ мебошад.













