Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ 12-юми июн дар майдони бахши фарҳанг ярмаркаи ҷойҳои холии кориро гузаронид. Намояндагони ташкилоту корхонаҳо аз имконияти мусоид истифода бурда мутахассисони заруриро ба кор қабл намуданд.
-Гузаронидани чунин чорабинӣ ба мо ҷавонон имкон медиҳад, ки аз рӯи тахассус кор ёбем. Имрӯз ман соҳиби ҷойи корӣ гардидам. Миннатдории хешро ба созмондиҳандагони чорабинӣ баён медорам,-хушҳолона андешаҳояшро баён дошт, сокини кӯчаи ба номи Ҳамзалиев Шаҳноза Назарова.






Дар доираи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати «Соли 2015-Соли идомаи роҳҳои обод» бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода сохтмони пули мошингузар ки бараш 7 метр дарозиаш 12 метр дар шаҳраки Консой оғоз ёфт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум бо мақсади густариши фарҳанги сиёсӣ, худогоҳии миллӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ гузаронидани силсилачорабиниҳои идонаро ба нақша гирифтааст.
















