Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-495, аз 29 апрели соли 2015 ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Қайроққум Воҳид Самадов бахшида ба 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта таъин карда шуд.
Ин кӯмакпулии яквақта санаи 6 майи соли 2015 аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нуъмон, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати вилояти Суғд Қодири Абдулатиф бо иштироки Раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлубахон Амонзода ба родмарди шуҷоъ, собиқадори ҷангу меҳнат Воҳид Самадов супорида шуд.






Ба пешвози 70-солагии Иди Ғалаба байни дастаи синфҳои МТМУ-и №14 мусобиқаи футбол доир гардид. Дастаи «Ғалаба» бо бартарии зиёд нисбати ҳарифон мақоми аввалро ишғол намуд. Дастаҳои «Умед» ва «Истиқлол» соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм шуданд. Озар Саодатдинов, Хайём Бойназаров, Шоҳназар Азизов, Шерзод Азимов, Баҳодур Боймирзоев, Идрис Азизов, Мубин Аҳмадқулов, Ҳасан ва Ҳусейн Латифовҳо чун беҳтарин бозингарон муаррифӣ гардиданд.
Дар Кохи Истиқлол озмуни «Фарҳанги оиладории ҷавонон» аз рӯи панҷ шарт бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила тибқи нақшаи таҳиягардида ба «Соли оила» доир гардид.
Интишороти «Анис» ҷанде қабл маҷмӯаи тозаэҷоди сухангустари ӯзбекзабон Муҳаммадалӣ Гулбойро бо чунин унвон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ манзури ҳаводорони назм намуд. Маҷмӯаи мазкур чорумин китоби навбатии шоири ҷавон буда он армуғон ба хонандагони каломи бадеъ мебошад.














