Зарнисор. 8 сентябр дар шаҳраки Зарнисор бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангу фароғатии “Истиқлол” чорабинии идона доир гардид.
Дар он кулли бошандагони шаҳрак иштирок намуданд. Дар оғоз сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ғолибҷон Юлдошев муборакбодии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Таъкид гардид, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо буда, тавассути он миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Ҳамзамон, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.






Ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон бисту панҷ сол пур шуд. Дар ин муддат давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ҳаёти ҷомеаи мо дар даврони истиқлолият бисёр пешравию муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин пеш аз ҳама аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.















