Дар шаҳри Гулистон барои дастгири ашхоси ниёзманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар даҳ моҳи соли равон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ ба қариб 3 ҳазор нафар оилаҳои ниёзманд ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Ҳамзамон, ба 945 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ ба маблағи 18,9 ҳазор сомонӣ пардохт гардид.
- Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, - иброз намуд мудири бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳр Муслимахон Исоқова, - ҳамзамон 130 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд ба корхонаву муассисаҳои шаҳр вобаста карда шудааст, ки онҳо дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо мунтазам аёдат карда мешаванд.






Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба Иди Меҳргон дар майдони бозори шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, ниҳодҳо қудратӣ, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва сокинони маркази шаҳр иштирок намуданд. 















