Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

силсиламулоқот дар шаҳри гулистон

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Гулистон мулоқоту суҳбатҳо доир намуда истодааст.

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки аъзои гурӯҳи корӣ мулоқот бо фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Мулоқотро Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд.

Сипас роҳбари гурӯҳи корӣ  Қодири Қосим – раиси Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳҳоб Набиев – мудири кафедраи таърихи ватании ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров суханронӣ намуда, тазаккур доданд, ки дар ҳар як Паём ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҳомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, инчунин  эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ маънидод мегардад. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намудаанд. Аъзои гурӯҳи корӣ инчунин зикр намуданд, ки дар Паём ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи вобаста ба таъмини  пайвастаи ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии онро муҳим арзёбӣ намуда, тадбирҳои расидан ба ҳадафҳоро мушаххас намуданд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар корхонаҳои ҶМТКДММ “Апрелевка”, Шабакаҳои барқи Суғд, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё, Консой, ҶДММ “Осоишгоҳи Баҳористон” бо теъдоди зиёди иштирокчиён баргузор гардид.

Дар навбати худ дар мулоқотҳо сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон Карим Кабиров, Обиддин Ваҳҳобов, Муҳаббат Ниёзова, Маниҷа Миробидова, Дилбар Қосимова, Марҷорна ӯрунова, Меҳриҷон Азимова, Зарина Абдураҳмонова, Шаҳноза Қосимова, Райҳона Раҳматуллоева ва дигарон баромад карда, оид ба Паём ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Паёми Сарвари давлат ҳидоятномаи фардои дурахшон ва дастурномаи фаъолият мебошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1185
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1926
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8239
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12786
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:36943
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:56873
mod_vvisit_counterҲамагӣ:874828

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар