Рӯзи 2 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.
Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, муаррифӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии гулгашти мазкур наздики 3 гектарро ташкил медиҳад.






31 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ шинос шуданд.
Шоми рӯзи 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.















