Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад». Дар ҳақиқат масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзӯи муҳими демографӣ вазифаи ҳамагон мебошад. Мо бояд дар тақдиру сарнавишти ҳеҷ як оила бетараф набошем ва агар лозим шавад, дар ҳама ҳолат ёрии хешро аз онҳо дареғ надорем.
Оила адабгоҳ, мактаби ҷовидони тарбияи шахсиятҳои бузург, ватандӯсту ватансоз ва ватандорони бонанг аст. Раванди ҳаёт барои ҳар як фарди солимфикр ва бофарҳанги ҷомеа чунон бояд сурат гирад, ки дар шахсияти ӯ оила офарандаи инсони комил бошад.






Дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” дар Боғи фарҳангии 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву фароғатии “Шоми ҷавонӣ” ва аксияи шаҳрии “Мо ҷавонон-зидди ВНМО!”, “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем!”, “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!” баргузор гардид.
Дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила чорабинии хотирмон якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” ташкил ва баргузор гардид. Дар қисми ибтидоӣ дар мавзӯи “Мавқеи зан дар ҷомеа ва оила” Робия Ҷарқинзода, Наҷминисо Ҷумъаева, Акмал Искандаров мубодилаи афкор намуданд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси ҳар як сокини бонанги ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, алҳол дар сафи он садҳо нафар ҷавонписарони садоқадманди гулистонӣ сарбаландона қарзи фарзандии худро адо менамоянд.
Бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳр доир ба ғамхорӣ ва дастгирии қишри калонсоли ҷомеа, собиқадорони меҳнат тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
















