Матни равон

Дар бахши англисии Радиои Озодӣ мусоҳибаи роҳбари фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нашр гардидааст, ки аз фаъолияти иғвоангезона ва ғаразноки ин расонаи хабарӣ шаҳодат медиҳад ва ин амали журналистони мазкурро як навъ ҳамдастӣ бо терроризм ҳисобидан мумкин аст.  Ғайр аз ин дар аввали мусоҳиба оид ба масъалаи мазкур қасдан маълумоти хато оварда шудааст. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсии рондашуда унвон шудааст ва гӯё ҳукуматҳои кишварҳои дигар ва созмонҳои байналхалқӣ онро террористӣ эътироф накарда бошанд.

Матлабе, ки дар сомонаи «Ахбор ком» оид ба қатъ кардани фаъолияти нашрияи «Озодагон» аз ҷониби мақомоти амниятӣ нашр гардидааст ҳангомаи навбатии сомонаи мазкур мебошад.

Дастаи яккачини футболи шаҳр ба дастоварди калон соҳиб гардид. Дар мусобиқаи минтақаи суғдии Ҷоми федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 дастаи шаҳрамон «Гулистон» хеле маҳорати хуб нишон дода, дар гурӯҳи «А» ҷои якумро бо 7 хол ишғол намуд.

Дастаи футболи «Гулистон» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Эсхата» ва «Равшан»-и нохияи Зафаробод қувваозмоӣ намуд. Натиҷаи бозиҳо чунинанд: «Гулистон»-«Хуҷанд» - 4:0, «Гулистон»-«Эсхата» - 4:4  ва «Гулистон»-«Равшан»- 3:2.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо аз қабили Наврӯзи байналмилал ва Меҳргон мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо файзу баркати хосаи идҳои аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои мардумӣ мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо месозад.

Иди Сада дар оғози даҳаи аввали баҳманмоҳ, яъне - 30-юми январ баргузор мешавад. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.  Тибқи ривоятҳо аз шаби таваллуди хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва ҷаҳидан аз болои он ривоҷ доштааст.

26.01.2019, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд.

Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад.

Имрӯз, ки мо дар остонаи ҷашни Сада қарор дорем, ҳамаи ҳамватанони азизро ба ифтихори ин ойини деринаи мардумамон самимона табрик мегӯям.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2836
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3008
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9874
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7995
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8752722

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?