Устодон ва омӯзгорони арҷманд!
Пешаи наҷиби омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳматҳои пайвастааш ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиромҳо мебошад. Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад. Муаллими асил ба ҳукми боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.
Мақому манзалат ва нақши омӯзгор, алалхусус дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон ба маротиб афзудааст. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.






Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки нақбканони Адрасмон тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои бунёдкорӣ густариш меёбад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҷамоати шаҳрак ба ободонии роҳҳои дохилӣ ва берунӣ диққати махсус дода мешавад.
Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии участкаҳои интихоботии ҷамоати калонтарини шаҳри Гулистон шаҳраки Адрасмон ба маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мегардад, сафари корӣ намуд.















