Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори ҷашни соли нави аҷдодӣ ҷамъомади ботантана бо иштироки намояндагони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои тобеъ ва собиқадорони соҳаҳо баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурўҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази «Тоҷикстантарт» дар вилоят Муҳаммадӣ Давлатов номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури гулистониён намуданд. Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳамагонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай муборакбод гуфт.

 

Зикр гардид, ки Наврӯзи даврони Истиқлол бар шукӯҳу ҷалоли худ боз як неруи хосе зам намуд, ки Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Дар мавриди ин ҷашни хуҷаста Пешвои муаззами миллат чунин иброз доштаанд: “Фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст”. Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Сипас дар вазъи мутантан ба пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва собиқадорон сипосномаву тухфаҳои наврӯзӣ супорида шуданд.

Дар интиҳо аз тарафи санъаткорони варзидаи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр барномаи калони марғуби консертӣ манзури иштирокчиёни ҷамъомад карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:174
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2269
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:174
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9090
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7741480

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?