14 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.
Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифтанд.
Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳ шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон, ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мебошад.
Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск»-ро ба истифода доданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Зафаробод»-ро ифтитоҳ намуданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ва ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии «Диёр»
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм мулоқот карданд