Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии участкаҳои интихоботии ҷамоати калонтарини шаҳри Гулистон шаҳраки Адрасмон ба маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мегардад, сафари корӣ намуд.
Зимни боздид аз участкаҳои интихоботии рақамҳои 6,7,8, 9, 10 муайян гардид, ки участкаҳои интихоботии номбурда ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан омода буда, дар участкаҳо тамоми шароити мусоид барои фаъолияти бонизоми комиссияҳои участкавӣ ва барои овоздиҳии интихобкунандагон фароҳам шудааст.
Участкаҳо тозаву озода ва дар ҳамаи онҳо шиору овезаҳои пурмазмун ва таблиѓотиву ташвиқотӣ тавассути девораҳо насб гардидааст. Утоқҳои овоздиҳӣ дар ҳолати корӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоид буда, хонаи модару кӯдак, ҳуҷра барои маъюбон ва шахсони бемор низ муҳайё карда шудааст.






Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз участкаҳои интихоботии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраки Сирдарё, Чоруқдаррон ва Консой боздид ба амал оварда, бо вазъи ободонӣ ва таъминоти онҳо огаҳӣ пайдо намуд.














