Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуданд.
Пешвои миллат фаъолияти бисёрсолаи самарабахши давлатии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро, ки боиси эҳтироми баланд ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ гардидааст, бахусус қайд карданд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлати Қазоқистон ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сиғаи шарикии стратегӣ бомаром рушд меёбанд, таъкид гардид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд






Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъиноти гуногунро ба роҳ монданд.
Субҳи имрӯз дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” Дави миллӣ бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор гардид.
Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгордории халқи тоҷик, қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!














