12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ карданд.
Сарвари давлат ба фаъолияти ин коргоҳи истеҳсолӣ, ки аз тарафи соҳибкор Илҳом Рабиев бунёд гардидааст, оғоз бахшида, кори иншоотро дар шароити имрӯзаи бозори истеъмолӣ судовар маънидод карданд.
Коргоҳи коркард ва истеҳсоли равған бо маблағи 21,1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои воридори технологияи истеҳсолӣ 14,5 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Корхонаи мазкур дар пайгирӣ аз сиёсати бунёдкории роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сохта шуда, нишонаи татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар дониста мешавад. Иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва офтобпарастро ташкил медиҳад. Корхонаи равғанбарорӣ ягона сехи инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин ҷо истеҳсоли равғани покгардонидашуда дар чанд марҳила, ба монанди раванди безараргардонӣ, сафедкунӣ, сарднамоӣ ва банду баст намудани онҳо ба роҳ монда шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
- Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд






12 июн дар рӯзи дуюми сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи коркарди ғалла — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи дуюми моҳи июн Рўзи кормандони соҳаи саноати сабук таҷлил карда мешавад. Бо самимияти афзун кормандони корхонаҳои саноати сабук, собиқадорони меҳнат ва кулли алоқамандони соҳаи саноати сабуки шаҳрро бо иди касбиашон сидқан муборакбод менамоям.
12 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.















