Матни равон

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон семинари дастурӣ-методӣ таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ – омили ҳастии миллат”  баргузор гардид.

Дар семинар аъзои комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиќи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ, коргузорони ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр иштирок намуданд. Дар семинари мазкур Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳноза Буриева, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Семинарро муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлили вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҶДММ осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистонро мавриди таҳлил қарор доданд.

Сипас Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таърихи забони тоҷикӣ, ҷойгоҳ ва манзалати он, арҷ гузоштан ба ин арзиши олӣ, поку бегазанд нигоҳ доштани он ва натиҷаҳои санҷиш суханронӣ намуда, ба масъулини комиссия оид ба татбиқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳозирин тавсияҳои судманд дод. Аз ҷумла зикр дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузорӣ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад ва аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали намунавии коргузорӣ таҳия гардидааст. Дар ҳар як корхонаву муассиса бояд дастурамали намунавии коргузорӣ тасдиқ гардида, аз рӯи он фаъолият бурда шавад. Ҳамчунин зикр гардид, ки забони муҳру тамғаҳо, шиору овезаҳо, тоблуҳои таблиғотиву тарғиботӣ ва номгузорӣ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад.

Баъдан Шаҳноза Буриева сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсис ва фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 31-уми октябри соли 2009 таъсис ёфтааст сухан гуфта, онро дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолӣ номид. Ҳамзамон, доир ба мазмун ва моҳияти  “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 тасдиқ гардидааст маълумоти муфассал ироа намуд. Дар охир суҳбати озод бо аъзои гурӯҳи корӣ ба вуқӯъ пайваст ва иштирокдорон ба суолҳои додаи худ посухи муфассал гирифтанд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба иштирокдорон тавсия дода шуд, ки аз сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо тариқи почтаи электронӣ саволу дархостҳои худро ба унвони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гиранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1380
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8583
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:19388
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7751778

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?