17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии “Ҳусайнӣ”-и деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара аз намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон дидан карданд.
Мавриди зикр аст, ки ба 1 июни соли равон дар вилоят 58195 тонна ғалладонагӣ, 294844 тонна сабзавот, 34954 тонна картошка, 3111 тонна полезӣ, 10746 тонна меваҷот ва 1998 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва парварда истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладонагиҳо 102,9 фоиз, сабзавот 116,4 фоиз, картошка 109,2 фоиз, полезӣ 137,5 фоиз ва меваҷот 114,4 фоизро ташкил медиҳад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар соҳаи чорвопарварӣ давоми панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли гушт 30,5 ҳазор тонна, шир 114,5 ҳазор тонна, тухм 38 миллион дона, пашм 2502 тонна, пилла 201,2 тонна, асал 23,2 тонна ва моҳӣ 483,1 тоннаро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,2 то 6 фоизро дар бар мегирад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд
- МУСОҲИБАИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба муносибати 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай






16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.














